САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)
416 subscribers
599 photos
110 videos
6 files
93 links
🇹🇯 Саҳифаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ 📈 🏦.

🇷🇺 Официальная страница Национального банка Таджикистана для повышения уровня финансовой грамотности населения 📈.
Download Telegram
Дӯстони азиз!

Дар фестивали “Саводнокии молиявӣ” роҳбари шуъбаи коркард ва мушоиати IT-маҳсулоти нави ширкати “Мегафон Тоҷикистон” дар мавзуи “Муқаддимаи саводнокии рақамӣ: Технологияхои молиявӣ бо суханҳои оддӣ” баромад хоҳанд кард.

Шуморо аз соати 09:00 то 12:00 дар Қасри Фарҳанги ноҳияи Данғара интизорем!

Даромад ройгон аст!

Маълумоти муфассал тавасути рақами 106554444
1🔥1
Дӯстони гиромӣ!

Ҷиҳати воқиф намудани иштирокчиёни фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар ноҳияи Данғара Директори Агентии коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рунамо дар мавзуи “Рушди бозори коғазҳои қимматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад хоҳанд кард.

Шуморо аз соати 09:00 то 12:00 дар Қасри Фарҳанги ноҳияи Данғара интизорем!

Даромад ройгон аст!

Маълумоти муфассал тавасути рақами 106554444
🔥3
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Шаҳрвандони ноҳияи Данғара, диққат!

Танҳо баҳри фарзандони Шумо дар фестивали «Саводнокии молиявӣ» барномаи дилхушӣ барои кӯдакон баргузор мегардад!

Ҳамроҳ бо фарзандонатон ба фестивали «Саводнокии молиявӣ» ташриф оварда, сатҳи саводнокии худро якҷо бо мо баланд бардоред!

Биёед, мо Шуморо мунтазирем!
1
Ҳамватанони азиз!

Баромадкунандагони фестивали «Саводнокии молиявӣ»-ро ба Шумо манзур менамоем!

Хотиррасон менамоем, ки фестивали «Саводнокии молиявӣ» дар ноҳияи Данғара 25 апрели соли ҷорӣ дар Қасри Фарҳанги ноҳияи Данғара баргузор мегардад.

Шуморо дар макони болозикр аз соати 09:00 то 12:00 мунтазирем!

Даромад ройгон аст!

Маълумоти муфассал тавасути рақами 106554444
👍5🔥2
Дӯстони азиз!

Шуморо 25 апрели соли ҷорӣ ба фестивали “Саводнокии молиявӣ”, ки дар Қасри Фарҳанги ноҳияи Данғара аз соати 09:00 то 20:00 баргузор мегардад, даъват менамоем.

Биёед ва сатҳи саводнокии молиявии худро ҳамроҳ бо мо баланд бардоред!

Даромад ройгон аст!

Маълумоти муфассал тавассути рақами 106554444
2👍1
Дӯстони гиромӣ!

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дар доираи фестивали "Саводнокии молиявӣ" ҷиҳати васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ намоиши хизматрасониҳои молиявӣ баргузор карда мешавад. Намоиши мазкур 25-уми апрел дар Қасри Фарҳанги ноҳияи Данғара аз соати 12:00 то 18:00 давом хоҳад кард.

Биёед ва вобаста ба маҳсулоти молиявии пешниҳодшавандаи ташкилотҳои молиявӣ маълумот пайдо намоед.

Даромад ройгон аст!

Маълумоти муфассал тавасути рақами 106554444
4
Ҳамватанони азиз!

Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб фестивали Саводнокии молиявиро баргузор намуд.

Инак, Шуморо ба фестивали саводнокии молиявӣ дар ноҳияи Данғара даъват менамоем.

Дар барномаи чорабинӣ:

- Форуми саводнокии молиявӣ;
- Стендап дар мавзуи молия;
- Машваратҳо;
- Намоиши хизматрасониҳои молиявӣ ва суғуртавӣ;
- Бурди туҳфаҳо;
- Чорабинии фарҳангӣ;

Меҳмонони даъватшуда:
- Тахмина Раҷабова
- Ғарибшо Компания
- Нозияи Кароматулло
- Муҳаммадрафӣ Кароматулло
- Хайриддини Шариф
- диҷей Эмре Ҷан

Шуморо 25-уми апрел дар Қасри Фарҳанги ноҳияи Данғара аз соати 9:00 то 20:00 мунтазирем

Даромад ройгон аст!
Маълумоти муфассал тавассути рақамҳои: 106554444.
👍42🔥1
Баргузории фестивали саводнокии молиявӣ дар ноҳияи Данғара
Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 25-уми апрели соли 2024 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара бо иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, суғуртавӣ ва шарикони рушд, аз ҷумла шарикони маҳаллӣ ва хориҷӣ фестивали “Саводнокии молиявӣ” баргузор гардид. Дар оғоз муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ вобаста ба ҳадафҳои асосии роҳандозии чорабинии мазкур, яъне васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявию суғуртавӣ, муаррифии хизматрасониҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ суханронӣ намуд. Муфассал: https://nbt.tj/tj/news/563781/
👍32🔥1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Дӯстони азиз!

Ба Шумо навор аз рафти фестивали"Саводнокии молиявӣ" дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, ки 25 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, манзур менамоем.

Ҳамроҳ бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро баланд бардоред!
👍6🔥41
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Мусоҳибаи ҷолиб бо истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе
3👍3🔥2
Истиқоматкунандагони шаҳри Истаравшан, Диққат!

Ба наздикӣ чорабинӣ бахшида ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ баргузор мегардад.

Ин имконияти бениҳоят хуб барои гирифтани маълумот оид ба идоракунии дурусти маблағҳо, сармоягузорӣ, банақшагирии хароҷотҳо ва як қатор маслиҳатҳои молиявии дигар мебошад!
👍4🔥41
Фестивали саводнокии молиявӣ ҷиҳати татбиқи босамари Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 баргузор мегардад.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) гузаронида мешавад.

МАҚСАД ВА ҲАДАФҲОИ ЧОРАБИНӢ:

Мақсад аз баргузории фестивали саводнокии молиявӣ - васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявию суғуртавӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ тавассути гузаронидани чорабиниҳои ҷолиб мебошад.

Ҳадафҳои фестивали саводнокии молиявӣ:
- Ҳавасмандкунии аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ;
- Шиносоии иштирокчиён бо хизматрасониҳои молиявӣ ва суғуртавӣ;
- Пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ ва суғуртавӣ.
👍53🔥1
Тартиб додани буҷет барои ҳар як оила нақши муҳиме дорад. Ин маҳоратест, ки барои идоракунии маблағҳои худ ва банақшагирии хароҷотҳо кӯмак мерасонад. Мутаассифона бисёр оилаҳо ба ин аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд, ва билохира бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд.

Тарбияи кӯдакони аз ҷиҳати молиявӣ саводнок аз хурдсолӣ оғоз мегардад. Ба онҳо пасандозкуниро омӯхта тарзи дурусти тартибдиҳии буҷети оилавиро низ омӯзонед. Инчунин чӣ будани қарзро фаҳмонед, то ки дар оянда онҳо хабардор бошанд, ки аз ҳад зиёд қарздор будан ба кадом омилҳо оварда мерасонад.

Инчунин муҳим аст, ки масъалаҳои молиявиро дар хона муҳокима намоед. Ҳар моҳ ҷамъомадҳо гузаронида, буҷети оила, хароҷотҳо ва мақсадҳои молиявиро муайян созед. Ин ҷамъомадҳо ба оила ҷиҳати расидан ба  мақсадҳои молиявӣ кӯмак мерасонад, зеро ҳар як  аъзои оила маблағҳоро сарфакорона истифода бурда, барои расидан ба мақсад кӯшиш менамояд.

Ва билохира аз хотир набароред, ки Шумо бояд ба фарзандонатон намунаи ибрат бошед. Ба фарзандонатон нишон диҳед, чи тавр шумо пулро сарфакорона истифода мебаред,  пасандоз менамоед ва хароҷотҳои худро ба нақша мегиред.

Сатҳи саводнокии молиявии худро якҷо бо мо баланд бардоред!
👍62🔥2
Пасандоз  – ин  даромадҳои пулии аҳолӣ, ки бо мақсади захира кардани маблағи муайян барои таъмини эҳтиёҷоти худ дар оянда пасандоз карда  мешавад.

Барои чӣ пасандоз бояд кард?

* Дар сурати ҳолатҳои ғайричашмдошт анҷом додани хариди калон (инчунин сармояи ибтидоӣ хариди амволи ғайриманқул ва автомобил);
* Пардохти ҷашнҳои гуногун, истироҳат, табобат;
* Таваллуди кӯдак, пардохти маблағи таҳсили кӯдакон, тӯйҳо ва дигар хароҷоти марбут ба кӯдакон;
* Нигоҳ доштани сатҳи арзандаи зиндагӣ ҳангоми баромадан ба нафақа.
👍42🔥2
Саводнокии молиявӣ барои ҳамагон маҳорати муҳим аст!

Омӯзиши идоракунии молияи худ ба шумо кӯмак мекунад, ки аз қарз канорагирӣ кунед ва мустақилияти молиявиро ба даст оред то ки ба ҳадафҳои худ расед.

Таъхир накунед, имрӯз оғоз кунед - асосҳои буҷетсозӣ, сармоягузорӣ ва банақшагирии ояндаи молиявии худро омӯзед.
5👍3🔥3