САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
356 subscribers
282 photos
42 videos
6 files
73 links
Официальный канал отдела Финансовой грамотности Управления защиты прав потребителей финансовых услуг НБТ РТ 🏦.

📍 Новости
📍 Тесты
📍 Викторины
📍 Познавательная информация
📍 Экскурсии
📍 Конкурсы
📍 Тренинги

и многое другое.

ПОДПИШИСЬ!
Download Telegram
Дӯстони азиз! Танҳо барои Шумо ба фестивали саводнокии молиявӣ дар шаҳри Бохтар дастаи беҳамтои ҳаҷвнигорони машҳури Тоҷикистонро даъват намудем!

Ба хандаҳои беохир омода бошед, зеро дар саҳна ситораҳои дурахшони ҳаҷвнигорӣ: Ҳабиб Баҳриддинов ва Фаррух Сангинов баромад мекунанд! Онҳо ба Шумо лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда ва табассум ҳадя карда, бо услуби хос ба Шумо саводнокии молиявиро меомӯзонанд.

Ғайр аз ин, барандаи чорабинии фарҳангӣ Умид Абудллоев хоҳад буд! Бо заковат ва кордонии ӯ бешубҳа Шумо дилгир нахоҳед шуд! Умид Абудллоев фазои идонаро нигоҳ дошта, бо ситораҳои эстрада муошират карда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, то Шумо воқеан аз чорабинии фарҳангии фестивал лаззат баред.

Ҳатман ба фестивали саводнокии молиявӣ 23-юми ноябри соли ҷорӣ ташриф оред! Мо Шуморо интизорем!
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамагонро ба фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар шаҳри Бохтар даъват менамояд.

Дар барномаи чорабинӣ:

- Форуми саводнокии молиявӣ;
- Машваратҳо;
- Стенд-ап дар мавзуи молия;
- Намоиши хизматрасониҳои молиявӣ ва суғуртавӣ;
- Бурди туҳфаҳо;
- Барномаи фароғатии кӯдакона;
- Чорабинии фарҳангӣ

Дар бахши савту суруд:
- Барон
- Ёсамин Давлатова
- Хайриддини Шариф
- Dj EmreJan

Шуморо 23-юми ноябр дар Кохи Фарҳанг ва майдони нишони давлатии шаҳри Бохтар аз соати 9:00 то 19:00 мунтазирем

Даромад ройгон аст!
Маълумоти муфассал тавассути рақамҳои: 106554444.
Дӯстони гиромӣ! Макони баргузории фестивали саводнокии молиявӣ дар шаҳри Бохтарро ба Шумо манзур менамоем!
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Салом дустони гиромӣ!

Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон 23 ноябр дар шаҳри Бохтар Фестивали саводнокии молиявӣ баргузор мегардад. Аз соати 16:00 то 19:00  шуморо ба майдони нишони давлатии шаҳри Бохтар даъват менамоем!
Дӯстони азиз!

Шуморо ба Форуми саводнокии молиявӣ, ки санаи 23-юми ноябр, аз соати 10:00 то 13:00 дар Кохи Фарҳанги шаҳри Бохтар баргузор мегардад, даъват менамоем!

Биёед, мо Шуморо интизорем!
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи соҳибистиқлолии Ватан, иттиҳоди вайроннашавандаи тамоми табақаҳои ҷомеа, дӯстиву баробарии халқҳои сокини давлати мо мебошад. Парчами давлатии мо анъанаҳои таърихию фарҳангии чандинасраи тоҷиконро инъикос мекунад.
Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷамеаи мо ба ҳисоб меравад ва моро зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад.

Рӯзи парчами давлатӣ муборак ҳамватанони азиз!
✔️ В ТАДЖИКИСТАНЕ УСПЕШНО ПРОВЕДЁН ВСЕМИРНЫЙ ДЕНЬ СБЕРЕЖЕНИЙ

Ежегодно 31 октября большинство стран мира отмечают Всемирный день сбережений, главной целью которого является стимулирование и сохранение идеи хранения денежных средств и их разумного использования.

По инициативе Национального банка Таджикистана в этом году на протяжении всего октября со стороны кредитных и страховых организаций Таджикистана проводились конкурсы, встречи, тренинги, семинары и другие образовательные и интерактивные мероприятия в учебных заведениях, колледжах и университетах по всей стране, в том числе в отдаленных и сельских районах. Особое внимание уделялось воспитанию молодежи, ведь воспитывать правильное отношение к деньгам необходимо с раннего возраста.

Считается, что чем раньше человек начнет зарабатывать деньги, то с большой
вероятностью сможет использовать их как основу своей финансовой независимости в будущем.

Таким образом, в рамках Всемирного дня сбережений, были проведены информационно-просветительские встречи в нижеуказанных городах и районах: Душанбе, Хисар, Худжанд, Бохтар, Куляб, Дангара, Нурек, Хорог, Турсунзаде, Пенджикент, Исфара, Истаравшан, а также районах Рудаки, Кубодиан, Насири Хусрав, Темурмалик, М. С. А. Хамадони, А. Джами, Кушанян, Ховалинг, Рашт, Шахин, Балджуван, Фирдавси, Фархор, Деваштич, Айни, Зафарабад, Шахристон, Ашт, Шахритус, Дж. Расулов, Сино, Б. Гафуров, Ишкашим, Мургаб, Рошткала, Вандж, Рушон, Дарваз, Восе, Джейхун, Сангвор, Явон и другие отдаленные районы и села.
Всего кредитными и страховыми организациями было проведено свыше 255 тренингов, в которых приняли непосредственное участие более 11 000 человек, а также более 500 000 пользователей Интернета.

Подобные действия помогают научиться экономить деньги и разумно распоряжаться своими сбережениями, ведь понимание важности правильного управления личными финансами имеет особое значение для финансовой стабильности и благополучия каждого человека.
Празднование Всемирного дня сбережений, ставшего доброй традицией для Таджикистана, в этом году также было отмечено на высоком уровне.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ПАСАНДОЗ ДАР ТОҶИКИСТОН

Ҳамасола аксари кишварҳои ҷаҳон 31 октябр - Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳоро таҷлил менамоянд, ки ҳадафи асосии он ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи ғояҳои сарфаи пул мебошад.

Имсол низ тибқи анъана дар давоми моҳи октябр ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон бо роҳбарии Бонки миллии Тоҷикистон дар саросари кишвар, аз ҷумла дар навоҳии дурдаст ва деҳот бахшида ба нақши муҳими пасандозҳо чорабиниҳои гуногун баргузор намуда, ба ин васила чунин тавзеҳ доданд: ҳар касе, ки ба пасандоз намудани пул барвақт шуруъ менамояд, вай метавонад дар оянда онҳоро ҳамчун асос барои мустақилияти молиявии худ истифода барад. Барои аҳолӣ озмунҳо, вохӯриҳо, тренингҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳо дар шакли таълимӣ ва интерактивӣ ташкил карда шуданд. Ба тарбияи ҷавонон диққати махсус дода шуд, зеро муносибати дуруст бо пулро аз синни хурдсолӣ тарбия кардан лозим аст.

Дар доираи таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо шарикони Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар давоми моҳи октябр ва ноябр ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷҳо ва донишгоҳҳо ташриф оварда, дар он ҷо бо ҷавонони фаъол дар мавзӯҳои пасандозгузорӣ ва сарфаи пул мулоқот намуданд.

Инчунин, бо истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла бонувон вохӯриҳои иттилоотию маърифатӣ ташкил ва баргузор карда шуданд. Ҳамин тариқ, Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Норак, Хоруғ, Турсунзода, Панҷакент, Исфара, Истаравшан ва ноҳияҳои Рудакӣ, Қубодиён, Носири Хусрав, Темурмалик, М. С. А. Ҳамадонӣ, А. Ҷомӣ, Кушониён, Ховалинг, Рашт, Шоҳин, Балҷувон, Фирдавсӣ, Фархор, Деваштич, Айнӣ, Зафаробод, Шаҳристон, Ашт, Шаҳритус, Ҷ. Расулов, Сино, Б. Ғафуров, Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа, Ванҷ, Рушон, Дарвоз, Восеъ, Ҷайҳун, Сангвор, Ёвон, ва дигар ноҳияву деҳаҳои дурдастро фаро гирифт.

Дар маҷмӯъ, чорабиниҳои гузаронидашуда бевосита зиёда аз 11000 нафар ва ҳамчунин зиёда аз 500 000 истифодабарандагони интернетро фаро гирифтанд.
Чунин иқдомҳо барои омӯхтани тарзи пасандоз намудани пул ва оқилона идора кардани пасандозҳои худ мусоидат менамоянд, зеро дарки аҳамияти дурусти идоракунии маблағҳои шахсӣ барои суботи молиявӣ ва беҳбудии ҳар як нафар аҳамияти хоса дорад.
Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо, ки барои Тоҷикистон як анъанаи хубе шудааст, имсол низ дар сатҳи баланд таҷлил гардид.
Истиқоматкунандагони шаҳри Кӯлоб, Диққат!
Ба наздикӣ чорабинӣ бахшида ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ баргузор мегардад.

Ин имконияти бениҳоят хуб барои гирифтани маълумот оид ба идоракунии дурусти маблағҳо, сармоягузорӣ, банақшагирии хароҷотҳо ва як қатор маслиҳатҳои молиявии дигар мебошад!