САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)
416 subscribers
599 photos
110 videos
6 files
93 links
🇹🇯 Саҳифаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ 📈 🏦.

🇷🇺 Официальная страница Национального банка Таджикистана для повышения уровня финансовой грамотности населения 📈.
Download Telegram
Пардохтҳои ғайринақдӣ дар замони муосир яке аз василаҳои муҳим барои содда ва мунтаззам кардани равандҳои молиявӣ ба ҳисоб мераванд. Аммо, монанди ҳар як технология, истифодаи онҳо низ метавонад бо баъзе хавфҳо ҳамроҳ бошад.
Чӣ гуна худро аз ин хавфҳо муҳофизат намоем?
1. Танҳо аз замимаҳои расмии ташкилотҳои карзии молиявӣ ва ташкилотҳои боэътимод истифода баред, зеро ки барномаҳои қалбакӣ ё вебсайтҳои шубҳанок метавонанд маълумоти шуморо дастрас ва ба дигар мақсадҳо истифода баранд.
2. Пеш аз пардохт QR-рамзро бо диққат тафтиш намоед — ба нарх, номи қабулкунанда ва тарофаи хизматрасонӣ диққати махсус диҳед, скан кардани QR-рамзи қалбакӣ метавонад пардохти шуморо ба ҳисоби шахси дигар гузаронад.
3. Маълумоти шахсӣ ва рамзҳои махфии худро бо ягон шахси дигар мубодила накунед.
4. Истифодаи бехатари интернети худро таъмин намоед ва барномаҳои бонкии мобилиятонро мунтазам навсозӣ кунед.
👍63🔥1