САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)
416 subscribers
597 photos
110 videos
6 files
93 links
🇹🇯 Саҳифаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ 📈 🏦.

🇷🇺 Официальная страница Национального банка Таджикистана для повышения уровня финансовой грамотности населения 📈.
Download Telegram
Пардохти ғайринақдӣ — ин шакли ҳисоббаробаркунӣ байни харидор ва фурӯшанда ё байни пардохткунанда ва гирандаи маблағ мебошад, ки бидуни истифодаи пули коғазӣ сурат мегирад. Пардохти ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, замимаҳои мобилӣ, интернет-банкинг ва QR-рамзҳо амалӣ карда мешавад.

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 тамоми пардохтҳои давлатӣ — аз қабили андозҳо, боҷҳои давлатӣ, ҷаримаҳо, хизматрасониҳои коммуналӣ ва тиббӣ, суғуртаи ҳатмӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, бояд танҳо тариқи ғайринақдӣ анҷом дода шаванд.

Бартарии чунин усули пардохт дар он аст, ки он:
- зуд ва қулай аст;
- шаффофияти молиявиро таъмин менамояд;
- хароҷоти аҳолиро кам мекунад;
- имконияти идоракунии буҷаи шахсиро беҳтар месозад;
- фарогирии молиявиро дар минтақаҳои дурдаст низ таъмин менамояд.