Forwarded from Бонки миллии Тоҷикистон
Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ ва шарикони рушд 25 июни соли 2025 дар шаҳри Турсунзода фестивали навбатии саводнокии молиявӣ баргузор гардид...
https://www.nbt.tj/tj/news/582495/
https://www.nbt.tj/tj/news/582495/
👍6❤5🔥1
Ҳамватанони азиз!
Ваҳдати миллӣ воқеан дастоварди беназири миллати тоҷик аст, ки маҳз ба шарофати талошҳои пайгиронаву созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи Тоҷикистон муяссар гардидааст.
Ваҳдати миллӣ таҷассумгари иродаи устувори миллати тоҷик дар роҳи таъмини субот, сулҳ ва якпорчагии мамлакат маҳсуб мешавад.
28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

❤5👍4🔥3
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Навор аз рафти форуми саводнокии молиявӣ, ки дар ҳошияи фестивали "Саводнокии молиявӣ" 25 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид.
👍9❤2🔥1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Навор аз рафти намоиши хизматрасониҳои молиявӣ, ки дар ҳошияи фестивали "Саводнокии молиявӣ" 25 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид.
👍7❤1🔥1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Навор аз рафти чорабинии фарҳангӣ, ки дар ҳошияи фестивали "Саводнокии молиявӣ" 25 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид.
👍7❤1🔥1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Дӯстони азиз!
Барои маълумоти Шумо навор аз рафти фестивали "Саводнокии молиявӣ", ки 25 июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода баргузор шуд, манзур менамоем.
Сатҳи саводнокии молиявии худро баланд бардоред, то ки ба тамоми ҳадафҳои молиявии худ бирасед!

👍9❤1🔥1
Пардохти ғайринақдӣ — ин шакли ҳисоббаробаркунӣ байни харидор ва фурӯшанда ё байни пардохткунанда ва гирандаи маблағ мебошад, ки бидуни истифодаи пули коғазӣ сурат мегирад. Пардохти ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, замимаҳои мобилӣ, интернет-банкинг ва QR-рамзҳо амалӣ карда мешавад.
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 тамоми пардохтҳои давлатӣ — аз қабили андозҳо, боҷҳои давлатӣ, ҷаримаҳо, хизматрасониҳои коммуналӣ ва тиббӣ, суғуртаи ҳатмӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, бояд танҳо тариқи ғайринақдӣ анҷом дода шаванд.
Бартарии чунин усули пардохт дар он аст, ки он:
- зуд ва қулай аст;
- шаффофияти молиявиро таъмин менамояд;
- хароҷоти аҳолиро кам мекунад;
- имконияти идоракунии буҷаи шахсиро беҳтар месозад;
- фарогирии молиявиро дар минтақаҳои дурдаст низ таъмин менамояд.

👍7🔥4❤3
Барои он ки тавонед пардохтҳои худро ба таври ғайринақдӣ анҷом диҳед, ба Шумо лозим аст:
- телефони мобилӣ бо дастрасӣ ба интернет;
- суратҳисоб дар ташкилоти қарзии молиявӣ ё ҳамёни электронӣ;
- замимаи мобилӣ ё корт, ки барои пардохт истифода мешавад;
- ҷои хизматрасонӣ ё савдо, ки QR-рамзи ягона ё POS-терминал дорад.
Ҳамзамон, соҳибкорон низ барои ба роҳ мондани пардохтҳои ғайринақдӣ бояд бо яке аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳамкорӣ намуда, дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонии худ QR-рамзи ягона ё терминал насб намоянд.

👍8🔥5❤2