САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)
415 subscribers
598 photos
110 videos
6 files
93 links
🇹🇯 Саҳифаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ 📈 🏦.

🇷🇺 Официальная страница Национального банка Таджикистана для повышения уровня финансовой грамотности населения 📈.
Download Telegram
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Дӯстони азиз!

Баҳри Шумо навор аз рафти фестивали "Саводнокии молиявӣ", ки 30 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Норак баргузор шуд, манзур менамоем.

Сатҳи саводнокии молиявии худро баланд бардоред, то ки ба тамоми ҳадафҳои молиявии худ бирасед!
👍8🔥21
Истиқоматкунандагони шаҳри Турсунзода, Диққат!

Бо хушнудӣ ба маълумоти Шумо мерасонем, ки ба наздикӣ дар шаҳри Турсунзода чорабинӣ бахшида ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ баргузор мегардад.

Ин имконияти бениҳоят хуб барои гирифтани маълумот оид ба идоракунии дурусти маблағҳо, сармоягузорӣ, банақшагирии хароҷотҳо ва як қатор маслиҳатҳои молиявии дигар мебошад!

Моро пайгирӣ намоед ва сатҳи саводнокии молиявии худро якҷо бо Бонки миллии Тоҷикистон боз ҳам баландтар бардоред!
👍7🔥32
Фестивали саводнокии молиявӣ бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи босамари Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 баргузор карда мешавад.

Мақсад аз баргузории фестивали саводнокии молиявӣ - васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявию суғуртавӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ тавассути гузаронидани чорабиниҳои ҷолиб мебошад.

Ҳадафҳои фестивали саводнокии молиявӣ:

- Ҳавасмандкунии аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ;

- Шиносоии иштирокчиён бо хизматрасониҳои молиявӣ, суғуртавӣ ва омӯзишӣ;

- Пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ ва суғуртавӣ.
👍6🔥42
Саводнокии молиявӣ барои кӯдакон ва наврасон маҳорати муҳим аст, зеро имкон медиҳад, ки дар оянда аз қарз канорагирӣ карда, мустақилияти молиявӣ ба даст оварда шавад.

Саводнокии молиявӣ - ҳамаи донишҳо муҳиманд, дониши молиявӣ муҳимтар!
👍7🔥42
Меъёри бозтамвил - меъёри ҳадди ақалли фоизе, ки аз рӯи он Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ қарз медиҳад ё меъёри даромаде, ки тибқи он Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзии исломӣ қарз медиҳад.
 
Меъёри бозтамвил аз ҷониби Бонки милли Тоҷикистон муайян гардида, дар сомонаи www.nbt.tj ҷойгир карда мешавад. 

Айни замон меъёри бозтамвил 8.25% муқаррар карда шудааст.
👍6🔥31
Дӯстони гиромӣ, имрӯз ба Шумо вобаста ба асосҳои саводнокии молиявӣ якчанд тавсияҳоро манзур менамоем.

1. Хароҷотии худро муайян кунед: Аввалан, тамоми манбаъҳои даромад ва хароҷоти ҳатмии худро (иҷора, пардохтҳои коммуналӣ, қарзҳо ва ғайра) қайд кунед. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки фаҳмед, чӣ қадар маблағ барои дигар эҳтиёҷот мемонад.

2. Нақшаи буҷетӣ тартиб диҳед: Хароҷотҳои худро ба категорияҳо тақсим кунед (озуқаворӣ, нақлиёт, фароғат ва ғайра) ва барои ҳар категория меъёр (лимит) муқаррар кунед. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки хароҷотҳоро назорат кунед ва аз ҳад зиёд харҷ накунед.

3. Қоидаи 50/30/20-ро истифода баред: 50% даромадро барои хароҷотҳои ҳатмӣ, 30% барои хароҷотҳои дилхоҳ ва 20% барои пасандозҳо ва пардохти қарзҳо ҷудо кунед.

4. Хароҷотҳоро пайгирӣ кунед: Мунтазам назорат кунед, ки буҷети шумо чӣ гуна иҷро мешавад. Инро дастӣ ё бо истифода аз барномаҳои идоракунии молиявӣ иҷро кунед.

5. Аз хариди импулсивӣ худдорӣ кунед: Пеш аз он ки хариди ногаҳонӣ анҷом диҳед, фикр кунед, ки оё воқеан ба он ниёз доред ё не. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки аз хароҷотҳои нолозим худдорӣ кунед.

6. Пасандозҳоро ба таври худкор (автоматӣ) аз корти маошӣ ба суратҳисоби пасандозӣ гузаронед: Пас аз гирифтани маош худкорона пулро ба ҳисоби пасандоз гузоред. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки пасандозҳоро пайваста зиёд кунед.

7. Буҷетро мунтазам бознигарӣ кунед: Вазъияти молиявии шумо метавонад тағйир ёбад, бинобар ин муҳим аст, ки буҷетро мунтазам бознигарӣ кунед ва ба он тағйирот ворид кунед.

Ба саҳифаи мо обуна шуда, якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландтар бардоред!
7👍6🔥2
Тавсияҳо оид ба таъмини бехатарӣ аз қаллобони молиявӣ:

1. Маълумоти шахсиро ҳифз кунед: Ҳеҷ гоҳ ба шахсони сеюм маълумоти махфиро дастрас насозед.

2. Манбаъҳоро санҷед: Ба пешниҳодҳое, ки "пулҳои осон" ваъда медиҳанд, диққат диҳед. Пеш аз анҷом додани пардохт, қонунияти ширкатҳо ва вебсайтҳоро санҷед.

3. Шинохтани қаллобони молиявиро омӯзед: Агар пешниҳод хеле хуб ба назар расад, эҳтимолан ин фиребгарӣ аст. Ҳушёр бошед ва ба ҳиссиёти худ бовар кунед.

Тавсияҳои зеринро ба дӯстон ва аъзои оилаатон ирсол намоед, то ки якҷо сатҳи саводнокии молиявиатонро боз ҳам баланд бардоред!

Дар хотир доред, ки ҳамаи донишҳо муҳиманд, аммо дониши молиявӣ муҳимтар!
👍121🔥1
Салом дӯстон! Ба Шумо оиди Топ 5 сабаби ташриф ба фестивали саводнокии молиявӣ дар шаҳри Турсунзода маълумот манзур менамоем:

1. Намоиши хизматрасониҳои молиявӣ: Шуморо имконияти шиносоӣ бо хизматрасониҳои гуногуни молиявӣ ва маслиҳатҳои муфид аз ҷониби мутахассисони соҳа интизор аст.

2. Форуми саводнокии молиявӣ:
Баромади мутахассисони ботаҷрибаро, ки маслиҳатҳои муфид ва роҳҳои самаранок истифода бурдани маблағҳоро фаҳмондадиҳӣ менамоянд, гӯш кунед.

3. Машваратҳо дар мавзуи молия:
Аз мутахассисони соҳаи молия маслиҳатҳои ройгон дастрас намоед, то барои қабули қарорҳои дурусти молиявӣ кӯмак намоянд.

4. Бурди тӯҳфаҳо:
Дар бурди тӯҳфаҳо иштирок намуда, тӯҳфаҳои хотиравии қимматбаҳоро ба даст оред.

5. Барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ бошад ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшида, табъи Шуморо болида мегардонад.

Ба фестивали саводнокии молиявӣ ташриф оварда, якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландтар бардоред!
👍74🔥2
🇹🇯 Саводнокии молиявӣ — бо забони содда. Ба наздикӣ дар шакли нав!

Мо подкасте таҳия намудем, ки дар он мутахассисон аз таҷрибаи худ қисса мекунанд ва мавзуъҳои мураккабро ба таври содда ба Шумо мефаҳмонанд.

Маслиҳатҳои пурарзиш, мисолҳои воқеӣ ва донишҳои муҳимми замонавӣ - ҳамаи ин ба наздикӣ дар саҳифаи мо!
#БонкимиллииТоҷикистон #БМТ #саводнокиимолиявӣ #подкаст #МТСБанк #fingramtj

_

🇷🇺 Финансовая грамотность — просто и понятно. Скоро в новом формате!
Мы запускаем подкаст, где профессионалы делятся опытом, а сложные темы объясняются доступно.
Впереди — ценные советы, реальные кейсы и только актуальные знания.

Следите за выходом первого выпуска — будет интересно!

#НациональныйбанкТаджикистана #НБТ #финансоваяграмотность #подкаст #МТСБанк #fingramtj
👍6🔥31
Дӯстони арҷманд!

Хотиррасон менамоем, ки Бонки миллии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ мебошад.

Ҳангоми поймол шудани ҳуқуқҳоятон Шумо метавонед ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намоед.

Муроҷиати Шумо ҳатман баррасӣ гардида, аз натиҷааш кормандони масъули Бонки миллии Тоҷикистон ба Шумо маълумоти муфассал пешниҳод менамоянд.
___

Ба саҳифаи мо обуна шуда якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландтар бардоред!
6👍4🔥2
Ҳамватанони азиз!

Шуморо бо фарорасии Иди Саиди Қурбон муборак гуфта, ба ҳар яки Шумо сарбаландӣ, ризқу рӯзии фаровон ва имони комил орзумандем.

Ид муборак, дӯстони гиромӣ!
👍86🔥2
Дӯстони гиромӣ!

Дар фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар шаҳри Турсунзода Шуморо бурди тӯҳфаҳои ҷолиб интизор аст!

Дар озмунҳо иштирок карда соҳиби тӯҳфа гардед!

Бо усулҳои ҷолиб якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро баланд бардоред!

Фестивали саводнокии молиявӣ - ҳамаи донишҳо муҳиманд, дониши молиявӣ муҳимтар!
5👍4🔥1
Дӯстони гиромӣ!

Барои дуруст идора намудани маблағҳои худ ба Шумо 5 маслиҳати муфидро пешниҳод менамоем!

Аз маслиҳатҳои зикршуда истифода бурда, мустақилияти молиявиро ба даст оред!

Ба саҳифаҳои мо обуна шавед, ва якҷо бо Бонки миллии Тоҷикистон сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландтар бардоред!
👍6🔥31
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Дӯстони гиромӣ!

Вобаста ба пул ва вазифаҳои он маълумоти ҷолибе пешниҳод менамоем!

Ба саҳифаи мо обуна шуда, якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландтар бардоред!
🔥5👍21
Ҳамватанони гиромӣ!

Бо хушнудӣ хабар медиҳем, ки фестивали "Саводнокии молиявӣ" 25 июни соли ҷорӣ дар Кохи Дӯстӣ (аз соати 09:00 то 12:00) ва майдони марказии шаҳри Турсунзода (аз соати 19:00 то соати 22:00) баргузор мегардад!

Фестивали мазкур имконияти беҳамто барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ аст, бинобар ин ҳатман дар чорабинии мазкур ширкат варзида, якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландтар бардоред!

Даромад ройгон аст!

Биёед, мо Шуморо мунтазирем!
3👍3🔥1
Субҳон Ҷалилов – ровии форуми саводнокии молиявӣ дар доираи фестивали саводнокии молиявӣ!

Дӯстони арҷманд! Шуморо 25 июни соли ҷорӣ ба форуми саводнокии молиявӣ, ки дар Кохи Дӯстии шаҳри Турсунзода аз соати 09:00 то 12:00 баргузор мегардад, даъват менамоем!

Биёёд, ва сатҳи саводнокии молиявии худро якҷо бо Бонки миллии Тоҷикистон боз ҳам баландтар бардоред!

Даромад ройгон аст!

Маълумоти муфассал тавассути рақами 106554444
3👍3🔥1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Субҳон Ҷалилов – ровии форуми саводнокии молиявӣ дар доираи фестивали саводнокии молиявӣ!

Дӯстони арҷманд! Шуморо 25 июни соли ҷорӣ ба форуми саводнокии молиявӣ, ки дар Кохи Дӯстии шаҳри Турсунзода аз соати 09:00 то 12:00 баргузор мегардад, даъват менамоем!

Биёёд, ва сатҳи саводнокии молиявии худро якҷо бо Бонки миллии Тоҷикистон боз ҳам баландтар бардоред!

Даромад ройгон аст!

Маълумоти муфассал тавассути рақами 106554444
3👍3🔥2