САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)
432 subscribers
568 photos
93 videos
6 files
89 links
🇹🇯 Саҳифаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ 📈 🏦.

🇷🇺 Официальная страница Национального банка Таджикистана для повышения уровня финансовой грамотности населения 📈.
Download Telegram
Дӯстони азиз!

Танҳо барои Шумо ба фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар шаҳри Норак дастаи беҳамтои ҳаҷвнигорони машҳури Тоҷикистон «Ғарибшо Компания»-ро даъват намудем!

Ба хандаҳои беохир омода бошед, зеро дар саҳна ситораҳои дурахшони ҳаҷвнигорӣ баромад мекунанд! Онҳо ба Шумо лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда ва табассум ҳадя карда, бо услуби хос бо Шумо дар мавзуи молия сӯҳбат хоҳанд кард.

Шуморо ба фестивали “Саводнокии молиявӣ, ки 30 апрели соли ҷорӣ дар Қасри Фарҳанги шаҳри Норак баргузор мегардад, даъват менамоем!

Даромад ройгон аст!
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Национальный банк Таджикистана приглашает на Фестиваль финансовой грамотности в городе Норак!

30 апреля с 14:00 до 21:00 приходите на главную площадь и в Дворец культуры города!

Вас ждёт насыщенная программа:
• Форум финансовой грамотности
• Ярмарка финансовых продуктов
• Индивидуальные консультации
• Розыгрыши призов
• Детская шоу-программа

А за атмосферу праздника и музыкальный драйв отвечают:
Нозияи Кароматулло, Умедчони Бурхон, Corleone и DJ EmreJan!

Вход свободный!

Подробности по номеру: 106 55 4444

Фестиваль финансовой грамотности — все знания важны, но финансовые знания — важнее!
Дӯстони азиз!

Танҳо баҳри фарзандони Шумо дар фестивали саводнокии молиявӣ, ки 30 апрели соли ҷорӣ дар майдони марказии шаҳри Норак баргузор мегардад, барномаи дилхушӣ барои кӯдакон дар назар аст.

Ҳамроҳ бо фарзандонатон ба фестивали саводнокии молиявӣ ташриф оварда, сатҳи саводнокии худро якҷо бо мо баланд бардоред!

Даромад ройгон аст!

Маълумоти муфассал тавассути рақамҳои 106554444
Дӯстони азиз!

Ба Шумо барномаи фестивали саводнокии молиявӣ, ки 30 апрели соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанг ва майдони марказии шаҳри Норак аз соати 14:00 то 21:00 баргузор мегардад, манзур менамоем.

Даромад ройгон аст!

Биёед ва сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландтар бардоред!

Маълумоти муфассал тавассути рақамҳои: 106554444.

Мо Шуморо интизорем!
Дӯстони гиромӣ!

Аллакай имрӯз дар Кохи Фарҳанг ва майдони марказии шаҳри Норак аз соати 14:00 то 21:00 фестивали "Саводнокии молиявӣ" баргузор мегардад!

Биёед ва якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландтар бардоред!

Даромад ройгон аст!
Дӯстони гиромӣ!

Бо хушнудӣ ба маълумоти Шумо мерасонем, ки ҷиҳати воқиф намудани иштирокчиёни фестивали саводнокии молиявӣ оид ба "Инкишоф ва танзими бозори коғазҳои қиматнок дар Тоҷикистон" Директори Агентии коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рунамо баромад хоҳанд кард.

Шуморо аз соати 14:00 то 17:00 дар Қасри Фарҳанги шаҳри Норак интизорем!

Даромад ройгон аст!

Маълумоти муфассал тавасути рақами 106554444
30-уми апрел дар Кохи Фарҳанг ва майдони марказии шаҳри Норак бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ фестивали “Саводнокии молиявӣ” баргузор гардид.
Муфассал: https://nbt.tj/tj/news/580017/
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Дӯстони азиз!

Баҳри Шумо навор аз рафти фестивали "Саводнокии молиявӣ", ки 30 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Норак баргузор шуд, манзур менамоем.

Сатҳи саводнокии молиявии худро баланд бардоред, то ки ба тамоми ҳадафҳои молиявии худ бирасед!
Истиқоматкунандагони шаҳри Турсунзода, Диққат!

Бо хушнудӣ ба маълумоти Шумо мерасонем, ки ба наздикӣ дар шаҳри Турсунзода чорабинӣ бахшида ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ баргузор мегардад.

Ин имконияти бениҳоят хуб барои гирифтани маълумот оид ба идоракунии дурусти маблағҳо, сармоягузорӣ, банақшагирии хароҷотҳо ва як қатор маслиҳатҳои молиявии дигар мебошад!

Моро пайгирӣ намоед ва сатҳи саводнокии молиявии худро якҷо бо Бонки миллии Тоҷикистон боз ҳам баландтар бардоред!
Фестивали саводнокии молиявӣ бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи босамари Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 баргузор карда мешавад.

Мақсад аз баргузории фестивали саводнокии молиявӣ - васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявию суғуртавӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ тавассути гузаронидани чорабиниҳои ҷолиб мебошад.

Ҳадафҳои фестивали саводнокии молиявӣ:

- Ҳавасмандкунии аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ;

- Шиносоии иштирокчиён бо хизматрасониҳои молиявӣ, суғуртавӣ ва омӯзишӣ;

- Пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ ва суғуртавӣ.