САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)
434 subscribers
567 photos
93 videos
6 files
89 links
🇹🇯 Саҳифаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ 📈 🏦.

🇷🇺 Официальная страница Национального банка Таджикистана для повышения уровня финансовой грамотности населения 📈.
Download Telegram
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Ҳамватанони гиромӣ!

Вақтҳои охир қаллобони молиявӣ бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд шуда истодаанд. Мақсади асосии онҳо – тасарруф намудани маблағ аз кортҳои бонкии Шумо мебошад!

Бинобар ин, маълумоти корти бонкии худ, бахусус рақами корт, муҳлати амал, ПИН-рамз, CVV (яъне 3 рақами паси корт), инчунин СМС паём бо рамзҳои махфӣ ё акси корти бонкии худро ба шахсони сеюм дастрас насозед.

Дар хотир доред, ки бехатарии молиявии Шумо дар дасти худи Шумост!
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Дӯстони азиз!

Аз қаллобони молиявӣ эҳтиёт буда, ҳеҷ гоҳ маълумоти махфии худро ба шахсони бегона пешниҳод насозед!

Дар хотир доред, ки бехатарии молиявии Шумо дар дасти худи Шумост!

Телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон: 44 600 15 20
Дӯстони гиромӣ!

Имрӯз ба Шумо оид ба пули номинали "20 сомонӣ" маълумот манзур менамоем!

Ба саҳифаи мо обуна шуда якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландтар бардоред!
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
22 ва 23-юми октябри соли ҷорӣ мутахассиси Бонки миллии Тоҷикистон дар Муассисаи Давлатии "Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ" тренинг барои тренерон (ТОТ) баргузор намуд.

Ҳадаф аз баргузории тренинги мазкур - омӯзонидани кормандони муассисаи болозикр ҷиҳати баргузор намудани тренингҳои машваратӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Пардохтҳои ғайринақдӣ – пардохтҳое мебошанд, ки бе истифодаи пули нақд бо роҳи истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ ва дигар воситаҳои электронии пардохтӣ тавассути пулҳои электронӣ ва ҳамёнҳои электронӣ анҷом дода мешаванд.

Аз истифодаи чунин пардохтҳо баҳра бурда ба рушди иқтисоди кишвари азизамон саҳмгузор бошед!

Саводнокии молиявӣ - ҳама донишҳо муҳиманд, аммо дониши молиявӣ муҳимтар!
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
💬Дар ҳаёти ҳар як шахс метавонад ҳолатҳои ғайричашмдошт, ба мисли хароҷоти фаврии тиббӣ, аз даст додани кор, зарурати таъмири манзил ё дигар ҳолатҳо рух диҳанд. Дар чунин ҳолатҳо маблағи пасандозшуда мушкили молиявии Шуморо осон менамояд.

📊 Ҳатто ба маблағи кам низ пасандоз намудан бо гузашти вақт метавонад ҳамчун "болишти бехатарии молиявӣ" ба Шумо кӯмак намояд.

🧠 Саводнокии молиявӣ ва малакаи идоракунии пул асоси ояндаи устувор аст. Бинобар ин, пасандозкуниро аз имруз оғоз намоед, то фардо аз ҷиҳати молиявӣ мустақил бошед!
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Дирӯз, 31 октябри соли 2024 ба муносибати "Рӯзи ҷаҳонии пасандоз" намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар меҳмониии радиои "Азия +" қарор дошт.

Ӯ вобаста ба муҳиммияти пасандоз, таърихи пайдоиш ва нақши ташкилотҳои молиявӣ дар баргузории ин ҷашн, шаклҳои нигоҳдории пасандоз ва дигар масъалаҳои мубрам ба шунавандагон маълумот пешниҳод намуд.
Дӯстони азиз!

Шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, бароятон беҳтарин орзуҳои зиндагӣ, некрӯзиву хушбахтӣ, сиҳатмандӣ ва бахту саодати рӯзгорро таманно дорем.
Дӯстони гиромӣ!

Шуморо бо рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, ба хонадони Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро зери роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таманно менамоем.
Ҳамватанони азиз!

Шуморо бо ҷашни фархундаи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, умри дароз, саодати рӯзгор, зиндагии шоиста ва иқболи баланд таманно менамоем. Бигзор, Парчами давлатии кишвари азизамон, ки далели пойдор будани сулҳу субот, соҳибихтиёрӣ ва пешрафту шукуфоии давлату миллатамон аст, то абад парафшон бошад!
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Оё шумо мехоҳед аз муҳоҷирӣ ба соҳибкории муваффақ гузаред? Ин курс махсус барои шумо тарҳрезӣ шудааст, то зиндагии молиявии худро тағйир диҳед ва орзуҳои тиҷоратиатонро ба воқеият табдил диҳед💙

Чаро ин курс барои шумо муҳим аст?
1️⃣ Тавоноии молиявӣ: Бо малакаҳои молиявӣ, шумо метавонед сармояи худро идора карда, барои худ ва оилаи худ суботи иқтисодӣ таъмин кунед.
2️⃣ Муваффақияти тиҷоратӣ: Баъди хатми курс шумо дарк мекунед, ки идоракунии дуруст чӣ гуна метавонад тиҷорати шуморо ба сатҳи нав барад.
3️⃣ Некӯаҳволии оилавӣ: Маълумоти молиявӣ на танҳо зиндагии шуморо беҳтар мекунад, балки ба насли оянда низ таъсири мусбӣ мерасонад.
4️⃣ Таъсири ҷамъиятӣ: Муҳоҷирони муваффақ метавонанд ҳамчун намуна барои дигарон хидмат кунанд ва рушди иқтисодии ҷомеаро пеш баранд.

🔗Линк барои номнавис шудан: https://smarthub.tj/course/savodnokii-moliyav-va-pesburdi-tiorati-sabz
Ҳамватанони азиз!

Ба самъи Шумо мерасонем, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ қаллобони молиявӣ аз номи Бонки миллии Тоҷикистон эълонҳои бардурӯғ вобаста ба бозпас гардонидани маблағҳои тасарруфшударо паҳн карда истодаанд!

Ёдрас месозем, ки эълонҳои зикршуда ба Бонки миллии Тоҷикистон тааллуқ надоранд, бинобар ин ба онҳо бовар накунед ва ба шахсони бегона маълумотҳои шахсии худро, аз ҷумла: ному насаб, рақами корти бонкӣ ва рамзҳои махфие, ки тавассути СМС паём ворид мегарданд, пешниҳод насозед!

Барои маълумоти муфассал метавонед ба телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон тавассути рақами 44 600 15 20 тамос гиред.

Дар хотир доред, ки бехатарии молиявии Шумо танҳо дар дасти Шумост!