САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)
433 subscribers
568 photos
93 videos
6 files
89 links
🇹🇯 Саҳифаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ 📈 🏦.

🇷🇺 Официальная страница Национального банка Таджикистана для повышения уровня финансовой грамотности населения 📈.
Download Telegram
Баргузории фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар шаҳраки Ғарм
Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ ва шарикони рушд 25 июли соли 2024 дар Кохи фарҳанги шаҳраки Ғарм фестивали “Саводнокии молиявӣ” баргузор гардид. Муфассал: https://nbt.tj/tj/news/567745/
Дӯстони гиромӣ!

Барои дуруст идора намудани маблағҳои худ ба Шумо 5 маслиҳати муфидро пешниҳод менамоем!

Ба саҳифаҳои мо обуна шуда, якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландтар бардоред!
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Дӯстони азиз!

Ба самъи Шумо навор аз рафти фестивали "Саводнокии молиявӣ", ки 25 июли соли ҷорӣ бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт баргузор шуд, манзур менамоем.

Сатҳи саводнокии молиявии худро баланд бардоред, то ки ба тамоми ҳадафҳои молиявии худ бирасед!
Ҳамватанони азиз!

Оё медонед, ки мақсади асосии саводнокии молиявӣ дар шароити ҳозира – таъмини бехатарии молиявӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-сиёсии аҳолӣ ба ҳисоб меравад, аз ҷумла тавассути:

1. Беҳтар намудани сатҳи дониш ва малакаҳои аҳолӣ, ки барои самаранок истифодабарии захираҳои молиявӣ равона карда шудаанд;

2. Баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ оид ба маҳсулотҳо ва хизматрасониҳои ташкилотҳои молиявӣ-қарзӣ;

3. Баланд бардоштани фарҳанги пасандозкунии аҳолӣ;

4. Муносибати ҷиддии аҳолӣ ҳангоми кор бо ташкилотҳои молиявӣ-қарзӣ;

5. Ҳавасманд кардан ва такмил додани имкониятҳои соҳибкории аҳолӣ;

6. Пайдо намудани дониш ва малакаҳое, ки ба аҳолӣ имконияти муайян намудани амалиётҳои қаллобӣ ва пирамидаҳои молиявиро медиҳанд;

7. Баланд бардоштани масъулияти шахсӣ барои қабули қарорҳои молиявӣ;

8. Баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ имконият медиҳад, ки аҳолӣ барои расидан ба мақсадҳои ғарази сиёсии шахсони алоҳида, ҳамчун восита истифода бурда нашавад;

9. Баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ.
Саводнокии молиявӣ, имконият медиҳад, ки молия ва буҷети оилавӣ самаранок идора шуда, эҳтиёҷоти молиявӣ-қарзии худ бидуни гирифтори хавфи зиёдатӣ қонеъ карда шавад. 

Аз ҷумла, саводнокии молиявӣ: 
• ба кӯдакон имконият медиҳад, хубтар фаҳманд, ки пул чӣ аст, барои чӣ зарураст ва аз куҷо падару модар онҳоро пайдо мекунанд; 
• ба ҷавонон – ҳанӯз дар аввали ҳаёти мустақилона захираҳои молиявии худро дуруст ва самаранок истифода бурда, буҷети худро барои ояндаи дур ба нақша гирифта ва бо мақсади сармоягузорӣ намудан нақшаи пасандозии худро тартиб дода, онро ҷамъоварӣ намудан; 
• ба одамони сину соли миёна – беҳтар ба нафақа омода шудан, худро бо сарчашмаҳои иловагии даромад таъмин намудан, то ҳангоми ба нафақа баромадан ҳамчун дастгирии иловагӣ хизмат кунанд; 
• ба одамони сину соли нафақавӣ – даромадҳои нафақавии худро самаранок истифода бурдан, аз қаллобон ва пирамидаҳои молиявӣ эмин нигоҳ доштан ва аз маҳсулотҳои молиявии ҳозиразамон, аз ҷумла барои нафақахӯрон пешбинишуда истифода бурдан.

Бинобар ин, якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро баланд бардошта, мустақилияти молиявиро ба даст оред!
Душанбе, пешвоз гир!

Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолии пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ба наздикӣ чорабинии бошукӯҳи "Фестивали саводнокии молиявӣ" баргузор мегардад!

Ин имконияти беҳамто барои пайдо намудани маълумот оид ба идоракунии мақсадноки маблағҳо, сармоягузорӣ, банақшагирии хароҷотҳо ва як қатор маслиҳатҳои молиявии дигар мебошад!
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Ҳамватанони азиз!

Маълумоти корт, ҳамёни электронӣ ва дигар маълумои шахсии худро ба шахсони сеюм дастрас насозед!

Дар хотир доред, ки бехатарии молиявии Шумо дар дасти худи Шумост!
Таваррум (инфляция) ин паст шудани қобилияти харидории пул аст. 

Масалан соли гузашта шумо бо 500 сомонӣ 5 килограмм гушт, 5 литр равған ва 5 килограмм картошка мехаридед вале соли ҷорӣ бо ҳамон миқдор пул аллакай 4 килограммӣ молҳои номбаршударо харидеду пулатон тамом шуд. Ин ҷараён таваррум ном дорад.

Таваррум чанд намуд мешавад?

Кам — то 6% дар як сол. Ин таваррум ҳам барои истеъмолкунандагон ва ҳам барои соҳибкорон бароҳат аст. Ва дар айни замон имкон медиҳад, ки иқтисодиёт рушд кунад. Маҳз дар ин сатҳ аксари кишварҳо кӯшиш доранд, ки таваррумро нигоҳ доранд.

Мӯътадил — аз 6 то 10% дар як сол. Ин хатарнок аст, зеро он метавонад аз назорат берун шуда, ба таварруми баланд мубаддал шавад.

Баланд — аз 10 то 100% дар як сол. Он дар бозор ноустуворӣ эҷод мекунад, одамон ва ширкатҳо наметавонанд ояндаи худро ба нақша гиранд.

Гиперинфлятсия — нархҳо садҳо ва ҳазорҳо фоиз меафзоянд, дар ҳолатҳои махсусан вазнин мардум пулро рад мекунанд ва ба мубодила мегузаранд. Одатан, гиперинфлятсия ҳангоми бӯҳронҳои шадид ва ҷангҳо ба амал меояд.

Дефлятсия — ин таварруми манфӣ мебошад. Яъне, нархҳо боло намераванд, баръакс  паст мешаванд. Дефлятсия рушди иқтисодиётро бозмедорад. Истеъмолкунандагон ба умеди боз ҳам арзонтар шудани молҳо аз харидорӣ даст мекашанд. Ва ширкатҳо аз ин сабаб маҳдуд кардани истеҳсолот мекунанд.
Фестивали саводнокии молиявӣ бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи босамари Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 баргузор карда мешавад.

Мақсад аз баргузории фестивали саводнокии молиявӣ - васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявию суғуртавӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ тавассути гузаронидани чорабиниҳои ҷолиб мебошад.

Ҳадафҳои фестивали саводнокии молиявӣ:

- Ҳавасмандкунии аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ;

- Шиносоии иштирокчиён бо хизматрасониҳои молиявӣ, суғуртавӣ ва омӯзишӣ;

- Пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ ва суғуртавӣ.
Фестиваль Финансовой Грамотности, проводится в рамках реализации Плана мероприятий Национальной стратегии финансовой инклюзии Республики Таджикистан на 2022-2026 годы.

Организатором ФинграмФеста является Национальный банк Таджикистана.

ЦЕЛИ И ЗАДАЧИ ПРОЕКТА:

Цель ФинграмФеста – расширение доступа населения к финансовым и страховым услугам, повышение уровня финансовой грамотности посредством просветительских мероприятий.

Задачи ФинграмФеста:

- Создание мотивации для повышения финансовой грамотности;
- Приобщение и знакомство с финансовой грамотностью гостей ФинграмФеста;
- Предоставления доступа к выбору финансовых/страховых услуг.
Дӯстони азиз, оё медонед, ки пул вазифаҳои мушаххас дорад?

Агар не, пас дар хотир доред, ки пул вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

1) ченаки арзиш, яъне пулҳо ифодакунандаи арзиши
ҳамаи молҳо мебошанд


2) воситаи муомилот, яъне пулҳо дар ҷараёни муомилаи савдо нақши миёнаравиро мебозанд


3) воситаи пардохт, яъне пулҳо
инчунин муомилаҳои қарзиро амалӣ мегардонанд, зеро пардохти ҳамагуна қарзҳо ба воситаи пулҳо амалӣ мегардад


4) воситаи андухт, яъне одамон, одатан пасандозҳо ва боигарии худро дар сифати пулӣ нигоҳ медоранд. (Дар давраҳои қадим ин вазифаи пулҳоро асосан тилло иҷро мекард).


5) пулҳои ҷаҳонӣ, яъне вақте, ки пул чор вазифаи зикршударо дар миқёси байналхалқӣ иҷро намояд, он гоҳ ин гуна пул ҳамчун пули ҷаҳонӣ эътироф
карда мешавад.


P.S. Ба саҳифаи мо обуна шуда, якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баланд бардоред!
Сатҳи пасти саводнокии молиявии аҳолӣ яке аз муаммоҳои рӯзмарра буда, ҳалли он амалҳои мушаххасро аз аҳли илм ва давлат талаб менамояд.

Баланд бароштани сатҳи саводнокии молиявӣ барои рушди иқтисодиёт ва низоми молиявӣ-қарзӣ, дар гузоштани замина барои зиёд гардидани сармоягузории дохилӣ, инчунин барои паст гардидани сатҳи камбизоатӣ кӯмак мерасонад.

Аз ин ру, ба саҳифаи мо обуна шуда, сатҳи саводнокии молиявии худро якҷо бо мо баланд бардоред!
Низкий уровень финансовой грамотности населения является одной из актуальных проблем, решение которой требует конкретных действий со стороны ученых и государства.

Повышение уровня финансовой грамотности способствует развитию экономики и финансово-кредитной системы, созданию условий для увеличения внутренних инвестиций, а также снижению уровня бедности.

Подписывайтесь на нашу страницу и повышайте свой уровень финансовой грамотности вместе с нами!