САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
357 subscribers
282 photos
42 videos
6 files
73 links
Официальный канал отдела Финансовой грамотности Управления защиты прав потребителей финансовых услуг НБТ РТ 🏦.

📍 Новости
📍 Тесты
📍 Викторины
📍 Познавательная информация
📍 Экскурсии
📍 Конкурсы
📍 Тренинги

и многое другое.

ПОДПИШИСЬ!
Download Telegram
Чӣ тавр нақшаи дурусти буҷети оилавиро тартиб диҳем?

Дар аввал тартиб додани буҷети шахсӣ ё  оилавӣ осон нест. Бо назардошти чӣ қадар пул барои ғизо, пардохтҳои коммуналӣ, талаботи хонавода лозим аст, мо тақрибан хароҷоти худро ҳисоб карда метавонем.

Аммо баъзан хароҷоти ғайричашмдошт ба монанди пардохти хизмати духтури дандон, сафари ғайримунтазир ва диг. пайдо мешавад. Ҳангоми баҳисобгирӣ ва банақшагирии бюджет, шартҳои асосии некӯаҳволии молиявии оиларо дар хотир доред:
1. Даромад ва хароҷоти оиларо ба ҳисоб гирифтан.
2. Нақшаро барои давраи муайян тартиб додан.
3. Амонатгузорӣ.
4. Сарфакорӣ.
5. Дастаҷамъӣ

Қисмҳои асосии бюджет аз хароҷот иборат аст ва онҳоро ба қисмҳо ҷудо намудан мумкин аст:
• ҳатмӣ
• барои таҳсили фарзандон
• барои оила
• барои худ ва ғ.
Пасандоз  – ин  даромадҳои пулии аҳолӣ, ки бо мақсади захира кардани маблағи муайян барои таъмини эҳтиёҷоти худ дар оянда пасандоз карда  мешавад.

Барои чӣ пасандоз бояд кард?

* Дар сурати ҳолатҳои ғайричашмдошт анҷом додани хариди калон (инчунин сармояи ибтидоӣ хариди амволи ғайриманқул ва автомобил);
* Пардохти ҷашнҳои гуногун, истироҳат, табобат;
* Таваллуди кӯдак, пардохти маблағи таҳсили кӯдакон, тӯйҳо ва дигар хароҷоти марбут ба кӯдакон;
* Нигоҳ доштани сатҳи арзандаи зиндагӣ ҳангоми баромадан ба нафақа.
Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи Шуморо бо фарорасии Иди саиди Фитр табрик ва муборакбод гуфта, ба Шумо зиндагии босаодат, файзу баракати рӯзгор, хушбахтиву некрӯзӣ ва хони пур аз неъмат таманно дорад!

Бигзор ҳама дуову орзуҳои неки мо амалӣ гарданд, ваҳдати мардум боз ҳам мустаҳкамтар гашта, осмони кишварамон ҳамеша софу беғубор бошад!

Иди саиди Фитр муборак!
В мире, где финансовая стабильность играет ключевую роль, умение экономить и инвестировать становится все более важным. Вот несколько стратегий, которые могут помочь достичь финансового успеха:

1. Установите цели: Определите свои финансовые цели на короткий, средний и длинный срок. Это может быть покупка дома, образование детей или пенсионное обеспечение. Чем четче определены ваши цели, тем проще составить план действий.

2. Составьте бюджет: Проследите за своими расходами и доходами, составив бюджет. Это поможет понять, куда уходят ваши деньги, и найти области, где можно сэкономить.

3. Экономьте: Сокращайте издержки, где это возможно, без ущерба для качества жизни. Это может включать в себя отказ от ненужных покупок, использование скидок и купонов, а также поиск более выгодных предложений на услуги.

4. Инвестируйте: Начните инвестировать свои сбережения. Разнообразьте портфель инвестиций, включая акции, облигации, недвижимость и другие активы. Инвестиции помогут вашим деньгам расти со временем и защитят их от инфляции.

5. Образование: Изучайте финансовые рынки и инвестиционные стратегии. Чем больше вы знаете, тем лучше сможете принимать обоснованные финансовые решения.

6. Риск и доходность: Помните, что чем выше потенциальная доходность инвестиции, тем выше и риск потери средств. Оценивайте риски и принимайте решения в соответствии с вашими финансовыми целями и уровнем комфорта.

Экономия и инвестирование требуют дисциплины и терпения, но они могут стать ключом к финансовой независимости и достижению желаемого уровня благосостояния.
Муҳтарам истеъмолкунандагон!
Дар асоси талаботи қисми 9 моддаи 55 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ташкилоти қарзӣ ҳукуқ надорад, ки ба муштарӣ қарз дода ё хизмати дигар расонида, дар назди вай шарт гузорад, ки ҳатман аз дигар хизматрасониҳои ҳамин ташкилоти қарзӣ ё муассисаҳои он истифода барад.
Ҳангоми чунин шартгузорӣ аз ҷониби ташкилоти қарзӣ Шумо ҳуқуқ доред онро рад намоед.
Шаҳрвандони муҳтарам!
Тибқи талаботи моддаи 55 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ва моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” муносибати муштариён бо ташкилоти қарзӣ дар асоси шартнома сурат мегирад ва мӯҳлат, меъёрҳои фоизии қарзҳо, амонатҳо, пасандозҳо, инчунин ҳаққи хизмат аз ҷониби ташкилоти қарзӣ дар шартнома бо муштарӣ муқаррар карда мешаванд.
Бинобар ин, ҳангоми истифода бурдан аз хизматрасониҳои молиявии ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла гирифтани қарз, гузоштани амонат, пасандоз ё дигар намуди хизматрасонӣ пеш аз бастани шартнома бо шартҳои асосии он бодиққат шинос шавед.
Семинар дар МТМУ №98-и шаҳри Турсунзода

Рӯзи 20-уми март аз ҷониби Аввалин Бонки молиявии хурд @fmfbtj барои хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №98-и шаҳри Турсунзода семинар баргузор карда шуд, ки дар он бо ҳадафи боло бардоштани маърифати молиявии толибилмон оиди “Муҳиммияти пардохти ғайринақдӣ”, “Тарзи истифодаи дурусти кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ”, “Пешгирии амалҳои қаллобӣ дар низоми бонкӣ” ва “Саводнокии молиявӣ - кафили муваффақият” маълумотҳо дода шуд.
Семинар дар МТМУ №77-и деҳаи Мавлонҷари боло

Аввалин бонки молиявии хурд @fmfbtj 11-уми март барои хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №77-и деҳаи Мавлонҷари болои ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор семинар баргузор намуд.

Дар семинар бозиҳои ҷолиб ташкил карда шуда ва ба хонандагон дар бораи “Муҳиммияти пардохти ғайринақдӣ”, “Тарзи истифодаи дурусти кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ”, “Пешгирии амалҳои қаллобӣ дар низоми бонкӣ” ва “Саводнокии молиявӣ - кафили муваффақият” маълумотҳои ҷолиб пешниҳод гардид.
🌟Дар доираи ҳафтаи Global Money Week 2024, ҶСП "Бонки Арванд" барои хонандагони синфи ҳаштуми МТМУ-и Русия ва Тоҷикистон ба номи А. П. Чехов вохӯрии омӯзиши оиди своднокии молиявӣ гузаронид! 📚

💼 Чорабинии мазкур дар филиали Бонки «Арванд «дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, мактаббачагон бо кори бонк, фаъолияти эксперти қарзӣ, хазинадор-амалиётчӣ, банкомат, дафтарӣ рақами ва Cash in cash out шинос шуданд. 💵

🔹 Тренинг бо мақсади таълим додани наврасон дар оламӣ молия ва рушди малакаҳои зарурӣ барои рафтори аз ҷиҳати иқтисодӣ босавод гузаронида шуд.

https://www.instagram.com/bank_arvand?igsh=dTh4Zmt1aW8ydDkw
📚 6 апрели соли ҷорӣ аз тарафи кормандони Бонки «Арванд» дар ноҳияи Зафаробод тренингҳо оид ба саводнокии молиявӣ баргузор гардид.

💰 Тренингҳо ба ҳафтаи Global Money Week 2024 бахшида шуда, бо иштироки зиёда аз 80 нафар хонандагону омӯзгорони Гимназия №1 ва Литсейи ш.Меҳнатобод гузаронида шуд.

Тренингҳо шавқовар ва пур аз саволу ҷавобҳои ҷолиб гузашт. Дар охир ба ҳамаи иштирокчиён тӯҳфаҳои брендӣ тақдим карда шуд.