Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
24.9K subscribers
10.7K photos
248 videos
1.85K links
Саҳифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм

Саҳифаи мазкур аз тарафи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ мешавад.

Сайт: http://www.president.tj
Facebook: https://www.fb.com/emomalirahmontjk
Download Telegram
16 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муҳтарам Зоран Миланович дар робита ба интихоб шуданашон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Хорватия барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

"Пирӯзии Шумо дар интихобот гувоҳи боризи ҷонибдории шаҳрвандони кишваратон аз сиёсати пешакардаи Шумо дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии Хорватия ва таҳкиму тақвияти мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб изҳори умед менамоям, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди миёни Тоҷикистон ва Хорватия бо талошҳои муштараки мо минбаъд низ мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон рушду тавсеа хоҳанд ёфт.
Омодагии хешро ҷиҳати пешбурди ин раванд ва идомаи муколамаи созандаи байнидавлатии кишварҳоямон иброз менамоям".

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Хорватия #Croatia

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube