Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
24.9K subscribers
10.4K photos
241 videos
1.81K links
Саҳифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм

Саҳифаи мазкур аз тарафи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ мешавад.

Сайт: http://www.president.tj
Facebook: https://www.fb.com/emomalirahmontjk
Download Telegram
Ба истифода додани корхонаи «Сайри Суғд» дар шаҳри Хуҷанд

Дар корхонаи «Сайри Суғд» бозичаҳои кӯдакона ва мотороллерҳои барқӣ истеҳсол карда мешаванд. Ҳаҷми истеҳсолот дар як моҳ 250 мотороллери барқӣ ва 20 ҳазор бозичаҳои кӯдаконаро ташкил медиҳад.
Роҳандозии истеҳсоли ин гуна нақлиёт лорои манфиати зиёд аст, зеро ҳам талаботи мардум ба он афзоиш дорад ва ҳам аз ҷиҳати экологӣ барои ҳифзи покизагии муҳити зист судбахш мебошад.
Ҳоло дар корхона 14 тамғаи мотороллерҳои барқӣ истеҳсол мешаванд, ки тамғаҳои мазкур бо иқтидори борбардорӣ ва дигар мушахассоти техникӣ фарқкунандаанд. Дар ҳолати кунунӣ 60 нафар дар ду басти корӣ фаъолият доранд ва тибқи нақша дар ояндаи наздик шумораи коргарон то ба 150 нафар расонида хоҳад шуд.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd #Хуҷанд #Худжанд #Khujand

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Иштирок дар Фестивали асал, анор ва картошка дар вилояти Суғд

19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор иштирок намуданд.

Меваҷот, сабзавот, ғалладонагӣ, биринҷ, хушкмева, асал ва дигар навъу намунаҳои маҳсулоти кишоварзиро заҳматкашони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таври пирамида ва тасвирҳои гуногун ба намоиш гузоштанд, ки собитгари фаровонии ҳосил дар соли 2024 мебошад.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd #Хуҷанд #Худжанд #Khujand

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube