Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
24.9K subscribers
10.5K photos
246 videos
1.82K links
Саҳифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм

Саҳифаи мазкур аз тарафи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ мешавад.

Сайт: http://www.president.tj
Facebook: https://www.fb.com/emomalirahmontjk
Download Telegram
Ифтитоҳи Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан ва 4 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар вилояти Суғд

Бинои таълимӣ бо 16 синфхонаи муҷаҳҳаз бо лавозимоти хониш тарҳи муосир дошта, дар он барои 520 хонанда шароити хуби таҳсил фароҳам оварда шудааст.
Фаъолияти китобхонаҳои электронӣ ва анъанавӣ, кабинетҳои фаннӣ ва синфхонаҳои компютерии пайваст бо шабакаи интернет ба ташаккули донишу маънавиёти хонандагон мусоидат менамояд.
Дар ҳаминҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 иншооти соҳаи маорифро, ки дар шаҳру ноҳияҳои Истравшан, Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд сохта шудааст, тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd #Истаравшан #Istaravshan

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Ба истифода додани корхонаи антифризи ҶДММ “Кули Сарез”-и шаҳри Истаравшан

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 310 тонна антифриз буда, маҳсулоти воридотивазкунанда ба шумор меравад. Дар ин корхона 17 нафар сокини маҳаллӣ, ки аз ин 9 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд, бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд.
Ҳамзамон дар корхона барои ҷойгир намудани моеи истеҳсолшуда, зарфҳои пластикии 1 ва 4,7 литра аз ашёи хом истеҳсол карда мешавад ва маҳсулоти истеҳсолӣ дар зарфҳо ҷойгир ва бо тамғаи истеҳсоли Тоҷикистон (Made in Tajikistan) ба мизоҷон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd #Истаравшан #Istaravshan

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли сутунпояҳои барқӣ ва таъмиру навсозии истгоҳҳои барқии ҶДММ «Истаравшан Энерго»

Корхонаи мазкур аз се коргоҳ, аз ҷумла коргоҳи кафшергарӣ, таъмири тарансформаторҳо ва рехтани сутунпояҳои оҳану бетонии барқӣ иборат аст.
Иқтидори коргоҳи сутунпояҳои оҳану бетонии барқӣ дар як сол 2200 дона буда, сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.
Сутунпояҳои оҳану бетонӣ бо андозаҳои гуногун, аз ҷумла 11, 10,5 ва 9,5 метр истеҳсол шуда, барои хатҳои барқии 0,4, 6 ва 10 киловолта истифода бурда мешаванд. Истеҳсоли сутунпояҳо дар берун ба роҳ монда шудааст ва дар мавсими сардӣ ин сутунпояҳо тавассути буғ дар дастгоҳи махсус хушк карда мешаванд.