Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
24.9K subscribers
10.7K photos
248 videos
1.84K links
Саҳифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм

Саҳифаи мазкур аз тарафи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ мешавад.

Сайт: http://www.president.tj
Facebook: https://www.fb.com/emomalirahmontjk
Download Telegram
7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муҳтарам Майя Санду ба муносибати аз нав интихоб гардиданашон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Молдова барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
Тайи давраи соҳибистиқлолӣ кишварҳои мо бар асоси усулҳои дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва эҳтироми ҳамдигарӣ робитаҳои ҳамкории созанда дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи муштарак ба роҳ монда, пеш мебаранд.
Бовар дорам, ки ду ҷониб бо такя ба ин анъанаҳои нек ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳои байнидавлатии худ минбаъд ҳам саъю кӯшишҳои зарурӣ ба харҷ хоҳанд дод. Омодагии инҷонибро барои иқдомҳои якҷоя дар ин ҷода иброз менамоям.



7 ноября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон направил поздравительную телеграмму уважаемой Майе Санду по случаю ее переизбрания на должность Президента Республики Молдова.
За годы независимости наши страны, основываясь на принципы дружбы, взаимопонимания и взаимного уважения, построили и продвигают отношения конструктивного сотрудничества в различных сферах, представляющих взаимный интерес.
Уверен, что обе стороны, опираясь на эти добрые традиции, и впредь будут прилагать необходимые усилия по развитию и расширению своих межгосударственных отношений. Выражаю нашу готовность к совместным шагам в этом направлении.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Молдова #Moldova #MaiaSandu

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муҳтарам Доналд Ҷон Трамп дар робита ба пирӯзиашон дар интихоботи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

Мо ба ояндаи муносибатҳои дӯстона ва шарикии гуногунҷанбаи судманд бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико диди нек дорем.
Рушду тавсеаи пайгиронаи онҳоро дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии давлати худ медонем. Ҳамеша омодаем, ки ҷиҳати пешбурди ҳамкории судманд муколамаи самарабахши байнидавлатии кишварҳоямонро дар сатҳҳои мухталиф идома бахшем.


7 ноября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон направил поздравительную телеграмму уважаемому Дональду Джону Трампу по случаю его победы на выборах Президента Соединённых Штатов Америки.

Мы с оптимизмом смотрим на будущее отношений дружбы и многоаспектного партнёрства с Соединёнными Штатами Америки.
Их последовательное развитие и расширение во всех сферах взаимных интересов является одной из важнейших направлений внешней политики нашего государства. Всегда готовы к продолжению плодотворного межгосударственного диалога наших стран на различных уровнях во имя продвижения взаимовыгодного сотрудничества.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ИМА #США #USA #ДоналдТрамп #ДональдТрамп #DonaldTrump

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Ифтитоҳи роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғара ва шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди роҳҳои мошингарди Данғара-Гулистон ва Гулистон-Фархор

Роҳ дар доираи ҳадафҳо барои ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани шароити хизматрасонӣ дар 3 марҳила бунёд шуда, дарозии умумии он 68,8 километрро ташкил медиҳад.


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Левакант #Levakant

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Ифтитоҳи Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант

Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант дар масоҳати 1,8 гектар бо фарогирии 6 коргоҳи истеҳсолӣ – коркарди шиша, истеҳсоли макарон, маводи шустушӯӣ, дастпӯшак, рангҳои сохтмонӣ ва мебел бунёд гардида, дар он 55 нафар бо кор таъмин шудаанд.


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Левакант #Levakant

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube