Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
24.9K subscribers
10.7K photos
248 videos
1.85K links
Саҳифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм

Саҳифаи мазкур аз тарафи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ мешавад.

Сайт: http://www.president.tj
Facebook: https://www.fb.com/emomalirahmontjk
Download Telegram
1 апрел бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров санги асос гузошта шуд.

Корхонаи мазкур ҷиҳати истихроҷ ва коркарди маъдани оҳану дигар маъданҳои ҳамроҳ ва истеҳсолу содироти маҳсулоти босифат аз он бо сармояи ватанӣ бунёд ва бо технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мегардад. Танҳо захираи маъдани оҳан дар ин кон наздики 60 миллион тонна мебошад. Корхона дар ду марҳила бунёд ёфта, марҳилаи аввали он то соли 2027 ва дуюмаш то соли 2031 ба кор дароварда мешавад. Иқтидори лоиҳавии солонаи корхона истихроҷ ва коркарди 2,5 миллион тонна маъдан буда, аз он 1,1 миллион тонна консентрати истеҳсолӣ ба даст меояд. Ҳаҷми маъдани оҳан дар хока 62-65 фоизро ташкил медиҳад. Аз ин кон ҳамчунин, дигар маъданҳои сиёҳ ва рангаи ҳамроҳ истеҳсол хоҳад шуд.


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd #БобоҷонҒафуров #БободжонГафуров #BobojonGafurov

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
1 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди оғоз бахшидан ба сохтмони корхонаи ғанигардонии маъданҳои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати металлургии Тоҷик» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолони соҳаи саноати вилояти Суғд мулоқот намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро дар рӯзҳои 29-30 март натиҷагирӣ карда, оид ба вазъи корҳои созандагӣ ва рушди соҳаи саноати кишвар бо таҳлилҳо андешаронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки танҳо дар панҷ соли охир дар ҳудуди вилояти Суғд 680 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ бунёд ёфта, ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз кардааст. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят мунтазам афзоиш ёфта, соли 2024 ба 30,4 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2020-ум ду баробар зиёд мебошад.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd #БобоҷонҒафуров #БободжонГафуров #BobojonGafurov

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Имрӯз миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ дар робита ба 30-солагии барпо кардани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кувайт мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Сегодня Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон и Эмир Государства Кувейт Шейх Мишьал ал-Ахмад ал-Джабир ас-Сабах обменялись поздравительными телеграммами по случаю 30-летия установления дипломатических отношений между Республикой Таджикистан и Кувейтом.

Today, the President of the Republic of Tajikistan, Leader of the Nation, Honourable Emomali Rahmon, and the Emir of the State of Kuwait, Sheikh Mishal al-Ahmad al-Jabir al-Sabah, exchanged congratulatory telegrams on the occasion of the 30th anniversary of the establishment of diplomatic relations between the Republic of Tajikistan and the State of Kuwait.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Кувайт #Кувейт #Kuwait

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube