Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
24.9K subscribers
10.5K photos
243 videos
1.82K links
Саҳифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм

Саҳифаи мазкур аз тарафи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ мешавад.

Сайт: http://www.president.tj
Facebook: https://www.fb.com/emomalirahmontjk
Download Telegram
1. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҷӯразода Ҷ.Ҳ.
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Имомӣ С.А.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Нуруллозода Ф.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Қарорҳо #Постановления #Resolutions

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Таъиноти кадрӣ

7 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва чанде аз мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Кадровые назначения

7 января Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон принял для беседы кадры, назначенные на ответственные руководящие должности в городах и районах ГБАО, Хатлонской области, районах республиканского подчинения и ряде центральных органов государственной власти.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ТаъинотиКадрӣ #КадровыеНазначения #PersonnelAppointments

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон озод намудани Шарифӣ Ф.Б.
2. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон озод намудани Шоҳиён З.Ф.
3. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод намудани Мардзода О.М.
4. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Нуробод озод намудани Ҷобирзода Д.П.
5. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон таъин намудани Мирзозода И.Х.
6. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъин намудани Иброҳимиён А.К.
7. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин намудани Давлатзода Н.С.
8. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Нуробод таъин намудани Солеҳзода Ф.Ҳ.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Фармонҳо #Указы #Decrees

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Муминзод К.Р.
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Давлатзода У.Г.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Бобозода Р.Б.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зеваршоев З.Т.
5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи директори Муассисаи таълимии давлатии «Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» озод намудани Давлатқадамов Б.С.
6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» озод намудани Ятимзода М.А.
7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини якуми директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Назирмадзода Б.
8. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳимзода Б.К.
9. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қаландарзода Ҳ.Қ.


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Қарорҳо #Постановления #Resolutions

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҷумахонзода Ҷ.Ҷ.
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Табарзода Ҷ.А.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин намудани Муродзода А.А.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи директори Муассисаи таълимии давлатии «Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» таъин намудани Маҳбатшозода А.А.
5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъин намудани Раҳмонзода А.А.
6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муовини якуми директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Зуҳурзода Х.Ҳ
7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҷамолзода А.А.
8. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи директори Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» таъин намудани Шарофзода Ф.Р.
9. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ректори Муассисаи давлатии «Донишкадаи байналмилалии Левакант»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» таъин намудани Саидзода С.С.
10. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ректори Муассисаи давлатии «Донишкадаи байналмилалии Данғара»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» таъин намудани Сафозода А.К.
11. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи директори Муассисаи давлатии «Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» таъин намудани Иброҳимзода И.Р.
12. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи директори МД «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и МД «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» таъин намудани Ширинзода Н.А.
13. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Муминзода М.О.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Қарорҳо #Постановления #Resolutions

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
7 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин бинобар ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон, ҳамзамон ворид гардидани хисороти сершумор ба бинову иншоот дар навоҳии ҷанубу ғарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин бар асари заминларзаи харобиовар барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.

“Дар иртибот ба ин мусибати гарон ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Чин ҳамдардӣ ва таслияти самимии хешро иброз менамоям. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам”.

7 января Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон направил телеграмму соболезнования Председателю Китайской Народной Республики уважаемому Си Цзиньпину в связи с многочисленными человеческими жертвами и пострадавшими, а также повреждениями зданий и сооружений в результате разрушительного землетрясения в юго-западных районах Китайской Народной Республики.

«В связи с этим тяжёлым горем выражаю Вам, родным и близким погибших, всему дружественному китайскому народу наши искренние соболезнования и слова сопереживания. Всем пострадавшим желаю полного выздоровления».


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Чин #Китай #China

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ
ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
8 январи соли 2025
№911

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Фармон #Указ #Decree #ИқтисодиРақамӣ #инноватсия

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030

Таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд.
Бо дарки муҳиммияти мавзуъ, дар шароити муосири рушду таҳкими тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар ин ҷода вусъат бахшидан ба раванди рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва рушди равандҳои инноватсионии кишвар, бо ибтикори навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи паёмашон солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид.


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Фармон #Указ #Decree #ИқтисодиРақамӣ #инноватсия

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Таъиноти кадрӣ

9 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар ҳайати роҳбарикунандаи Прокуратураи генералӣ, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Кадровые назначения

9 января Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон принял для беседы кадры, назначенные в руководящий состав Генеральной прокуратуры, Министерства обороны, Национальной гвардии и Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ТаъинотиКадрӣ #КадровыеНазначения #PersonnelAppointments

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин намудани хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Фармонҳо #Указы #Decrees

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама
намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ


Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро пешниҳод намояд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
10 январи соли 2025
№915

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Фармонҳо #Указы #Decrees

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ»

Бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, таҳкими иқтидори саноатӣ ва содиротии ҷумҳурӣ, аз байн бурдани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои 2008 – 2022 (солҳои 2008, 2011, 2018, 2022) дар ҷумҳурӣ 4 маротиба ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон шуда буд.

Мораторияҳои эълоншуда ба рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва бахши истеҳсолӣ таъсири мусбат расонида, барои фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ, воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ ва дар маҷмуъ барои беҳбудии некуаҳолӣ мусоидат намуд.

Дар идомаи татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирии рушди соҳибкориву сармоягузорӣ бо иқдоми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми декабри соли 2024 ироа гардид ва бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 январи соли 2025, №915 ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шуд.

Тибқи фармони мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ҷиҳати татбиқи он пешниҳод менамояд.

Иттилоъ дода мешавад, ки муносибатҳо вобаста ба мораторияи эълоншуда дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» танзим гардида, он асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муайян намуда, тартиби татбиқи мораторийро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд.

Тибқи муқаррароти Қонун дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ боздошта мешавад.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Фармонҳо #Указы #Decrees

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube