Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
24.9K subscribers
10.4K photos
241 videos
1.81K links
Саҳифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм

Саҳифаи мазкур аз тарафи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ мешавад.

Сайт: http://www.president.tj
Facebook: https://www.fb.com/emomalirahmontjk
Download Telegram
24 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо паёми шодбошӣ мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи парчами давлатӣ самимона табрик намуданд.

Парчами давлатӣ дар раванди бунёди давлатдории навин нишонаи возеҳи соҳибдавлатии миллат, мояи ифтихори шаҳрвандон ва омили муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии мардум ба хотири ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва илҳомбахши ҳар як фарди ҷомеа барои заҳмати содиқона ба хотири фардои ободу осуда мебошад.

24 ноября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в поздравительном послании искренне поздравил славный народ Таджикистана с Днём Государственного флага.

Государственный флаг в процессе построения новой государственности является наглядным признаком суверенитета нации, источником гордости граждан, важнейшим фактором объединения народа во имя защиты независимости и свободы Родины, вдохновением каждого члена общества на самоотверженный труд во имя стабильного будущего.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #ПарчамиДавлатӣ #ГосударственныйФлаг #StateFlag


President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
24 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки бар асари ҳамлаи золимонаи террористӣ ба корвони мошинҳо дар минтақаи шимолу ғарби ин кишвар рух додааст, ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Осиф Алӣ Зардорӣ ва муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд. Дар он, аз ҷумла, омадааст:
“Мо ин амалкарди ваҳшиёнаи неруҳои ҷиноятпешаро қотеона маҳкум карда, ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо, пайвандону наздикони қурбониёни ин амали террористӣ ва тамоми мардуми дӯсти Покистон изҳор менамоем. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳем”.

24 ноября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации, уважаемый Эмомали Рахмон направил телеграмму соболезнования Президенту и Премьер-министру Исламской Республики Пакистан, уважаемым Асифу Али Зардори и Шахбозу Шарифу в связи с гибелью и ранениями большого количества граждан Исламской Республики Пакистан в результате жестокого террористического нападения на колонну машин в северо-западе этой страны. В телеграмме, в частности говорится:
«Мы решительно осуждаем этот варварский акт преступных сил и выражаем искреннее сочувствие и соболезнования Вам, близким и родственникам жертв этого террористического акта, и всему дружественному народу Пакистана. Желаем полного выздоровления всем пострадавшим».


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Покистон #Пакистан #Pakistan

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Иброҳимзода Абдушукур Иброҳимҷон бо хоҳиши худаш аз вазифаи судяи суди ноҳияи Сангвор озод карда шавад.

Указ Президента Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан постановляю:
Освободить Иброхимзода Абдушукура Иброхимджона от должности судьи Сангворского районного суда по собственному желанию.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Холиқзода А.Ғ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Холиқзода Абдуманон Ғаффор бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Постановление Правительства Республики Таджикистан об освобождении Холикзода А.Г. от должности заместителя начальника Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан

Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Освободить Холикзода Абдуманона Гаффора от должности заместителя начальника Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан в связи с уходом на пенсию.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон

28 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.

Рабочий визит в Республику Казахстан

28 ноября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон отбыл в город Астана Республики Казахстан для участия в очередном саммите Совета коллективной безопасности Организации Договора о коллективной безопасности.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Қазоқистон #Казахстан #Kazakhstan #СААД #ОДКБ

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон

28 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Начало рабочего визита в Республику Казахстан

28 ноября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон прибыл в город Астана Республики Казахстан для участия в очередном саммите Совета коллективной безопасности Организации Договора о коллективной безопасности.
В международном аэропорту имени Нурсултана Назарбаева Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона тепло встретили Премьер-министр Республики Казахстан Олжас Бектенов и другие официальные лица.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Қазоқистон #Казахстан #Kazakhstan #СААД #ОДКБ

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Иштирок дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ

Дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъӣ масъалаҳои вобаста ба вазъи низомию сиёсии ҷаҳон ва минтақаҳои амнияти дастҷамъӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар доираи созмон ва дурнамои рушди низоми амнияти дастҷамъӣ, инчунин рафти омодагиҳо ба таҷлили муштараки 80-солагии Ғалаба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Участие на заседании Совета коллективной безопасности Организации Договора о коллективной безопасности

На очередном заседании Совета коллективной безопасности предметом обсуждения были вопросы, связанные с военно-политической ситуацией в мире и регионе, развитие сотрудничества в рамках организации и перспективы укрепления системы коллективной безопасности, а также ход подготовки к совместному празднованию 80-летия Победы.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Қазоқистон #Казахстан #Kazakhstan #СААД #ОДКБ

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube